ПРОТИВОСТОЯНИЕ ТОРГОВЛЕ ЛЮДЬМИ — НЕОБХОДИМОСТЬ УКРЕПЛЕНИЯ БЕЗОПАСНОСТИ ЧЕЛОВЕКА И ЗАЩИТЫ ЦИВИЛИЗАЦИОННЫХ ЦЕННОСТЕЙ
13 Мая 2026, Среда
Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз таҳдидҳои хатарноке, ки ба суботи иҷтимоӣ, амнияти инсонӣ ва арзишҳои бунёдии башарият латмаи ҷиддӣ ворид менамояд, падидаи савдои одамон ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти муташаккили ҷиноятӣ, ки дар заминаи ҷаҳонишавӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ густариш меёбад, имрӯз ҳамчун шакли муосири ғуломдорӣ ҷомеаи байналмилалиро ба ташвиш овардааст.
Савдои одамон танҳо нақзи муқаррароти ҳуқуқӣ нест, балки таҷовуз ба шаъну эътибор, озодӣ ва ҳуқуқҳои фитрии инсон мебошад. Моҳияти аслии ин ҷиноят дар он ифода меёбад, ки инсон ба объекти манфиатҳои моддӣ табдил дода шуда, арзишмандии шахсият ва озодии иродаи ӯ поймол мегардад. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо истифода аз омилҳои осебпазирии иҷтимоӣ, аз ҷумла сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва бекорӣ, шаҳрвандонро ба доми фиребу истисмор мекашанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз шаклҳои анъанавии истисмор тадриҷан хусусияти мураккаб ва трансмиллӣ касб намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои рақамӣ ва воситаҳои муосири алоқа амалӣ карда мешаванд. Ҷинояткорон бо истифода аз имкониятҳои фазои маҷозӣ ва технологияҳои рақамӣ зери ниқоби пешниҳоди ҷойи кори сердаромад, таҳсил, муҳоҷират ва ё издивоҷи хориҷӣ шаҳрвандонро фиреб медиҳанд. Аз ин рӯ, савдои одамон имрӯз на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муқовимат ба савдои одамонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Дар ин замина заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ ташаккул ёфта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ, ошкорсозӣ ва мубориза бо ин падида қабул гардидаанд. Ҳадафи асосии ин тадбирҳо таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими волоияти қонун ва фароҳам овардани муҳити амни иҷтимоӣ мебошад.
Дар баробари ин, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки танҳо чораҳои ҳуқуқиву ҷазодиҳӣ барои решакан намудани ин зуҳуроти хатарнок кофӣ нестанд. Муқовимати муассир ба савдои одамон тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як фарди ҷомеа дар ин самт масъулияти муштарак эҳсос намоянд. Зеро маҳз бетарафӣ, ноогоҳӣ ва сустии маърифати шаҳрвандӣ ба густариши фаъолияти шабакаҳои ҷиноятӣ мусоидат мекунад.
Махсусан, нақши ҷавонон дар пешгирии ин зуҳурот калидӣ арзёбӣ мегардад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд дорои тафаккури ҳуқуқӣ, фарҳанги иттилоотӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ бошанд. Дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ ва зиракии сиёсиву иҷтимоӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд. Зеро имрӯз қисми зиёди ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон маҳз тавассути фазои маҷозӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, муносибат ба қурбониёни савдои одамон бояд бар пояи принсипҳои инсонгароӣ ва адолати иҷтимоӣ сурат гирад. Шахсоне, ки мавриди истисмор қарор гирифтаанд, пеш аз ҳама ба дастгирии равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ниёз доранд. Ҷомеа набояд онҳоро ҳамчун гунаҳкор арзёбӣ намояд, балки бояд барои барқарорсозии эътимод, шаъну шараф ва мавқеи иҷтимоии онҳо мусоидат кунад.
Дар шароити муосир татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, таҳлили иттилооти рақамӣ ва мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад дар самти ошкорсозии шабакаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҳолатҳои савдои одамон нақши муассир бозад. Бо вуҷуди ин, самаранокии чунин тадбирҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа таъмин мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки савдои одамон на танҳо ҷиноят алайҳи як шахс, балки ҷиноят алайҳи арзишҳои умумибашарӣ ва виҷдони инсоният мебошад. Ҷомеае, ки нисбат ба чунин зуҳуроти нанговар бетараф мемонад, худ ба таназзули маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад. Аз ин рӯ, муқовимат ба савдои одамон бояд ба фарҳанги умумимиллӣ ва масъулияти маънавии ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки ояндаи ҷомеаи мутамаддин аз сатҳи эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон вобастагии мустақим дорад. Агар мо хоҳони ҷомеаи адолатпарвар, амн ва инсонмеҳвар бошем, бояд бар зидди ҳама гуна шаклҳои истисмор ва поймолсозии қадру қимати инсон муборизаи беамон барем. Танҳо тавассути иродаи сиёсӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва ҳамгироии ҷомеа метавон ба решакан намудани ин зуҳуроти фаромиллӣ ноил гардид.
Зеро инсон барои зиндагии озод, шоиста ва саршор аз шаъну шараф офарида шудааст ва ҳеҷ нерӯе набояд ин арзиши муқаддасро ба воситаи манфиатҷӯӣ ва тиҷорат табдил диҳад.
Сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон, подполковники милитсия Самадзода Раҷабалӣ Файзалӣ