Борьба с торговлей людьми — важная задача общества
13 Мая 2026, Среда
Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнин ва хатарноки замони муосир ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол намуда, ба амнияти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Савдои одамон яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол ҳазорҳо нафар қурбони фиребу истисмор мегарданд. Аз ҳамин сабаб мубориза бар зидди савдои одамон вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.
Ҷинояти савдои одамон бештар тавассути фиреб, ваъдаҳои бардурӯғи кор дар хориҷи кишвар, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи вазъи душвори иҷтимоии шаҳрвандон амалӣ карда мешавад. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон ба доми афроди ҷинояткор афтода, қурбонии меҳнати маҷбурӣ ва дигар шаклҳои истисмор мегарданд.
Сабабҳои асосии савдои одамон инҳоянд:
сатҳи пасти зиндагӣ;
бекорӣ;
муҳоҷирати меҳнатӣ;
надоштани маълумоти кофӣ;
бовар кардан ба шахсони ношинос;
истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҷиноятҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ миёни ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам баргузор карда мешаванд.
Мо аз ҳамаи шаҳрвандон даъват менамоем, ки ҳангоми ҷустуҷӯи кор ё сафар ба хориҷи кишвар эҳтиёткор бошанд. Ба ваъдаҳои шубҳанок бовар накунанд ва ҳуҷҷатҳои шахсии худро ба шахсони ношинос насупоранд. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ ҳатман дурустии ташкилот ва корфарморо санҷанд.
Муқовимат ба савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти муштараки ҷомеа мебошад. Ҳар шахсе, ки нисбати чунин ҳолат маълумот дорад, бояд фавран ба мақомоти дахлдор хабар диҳад. Зеро ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва таъмини амнияти шаҳрвандон вазифаи муқаддаси мост.
Оила ва муассисаҳои таълимӣ низ дар тарбияи ҷавонон ва баланд бардоштани ҳушёрии онҳо нақши муҳим доранд. Агар ҳар як шаҳрванд нисбат ба чунин ҳолатҳо бетараф набошад, метавон пеши роҳи ин ҷинояти вазнинро гирифт.
Дар охир таъкид менамоем, ки танхо бо ҳамбастагӣ, ҳушёрӣ ва эҳтиром ба қонун метавонем пеши роҳи савдои одамонро гирифта, ҷомеаи солиму бехатар бунёд
Пешгирии савдои одамон кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти ҷомеа мебошад.
Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт,
Подполковники милитсия
Абдуллозода Бахтиёр