Давайте построим здоровое, безопасное общество, свободное от эксплуатации и насилия!
12 Мая 2026, Вторник
«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо таҳдиду хатарҳои фаромиллидошта рӯ ба рӯ гардидани инсоният дар ҳолест, ки муносибатҳои геополитикӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ дар шаклҳои наву мутобиқ ба замони муосир дар ҳоли густариш мебошад. Боиси таассуф аст, ки имрӯз шурӯъ аз таълифи андешаҳои мазкур аз сӯи банда, то ба сатҳи байналмилаливу минбарҳои ҷаҳонӣ зуҳуроти хафноки дигаре чун савдои одамон ҳамоно нигароникунанда чун бонки хатар садо дода, маҳсуб меёбад. Чун бо лафзи оммафаҳм тавсиф намудан хоҳем, савдои одамонро шакли муосири ғуломдорӣ ва яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф бояд намуд. Ифодаю моҳияти ҷинояти мазкур он аст, ки “Инсон офаридаи соҳибақлу соҳибирода ва дорои ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ба объекти манфиатҳои иқтисодии гурӯҳҳои ҷиноятпеша табдил дода мешавад.”
Масъалаи савдои одамонро дигар парвандаи ҷиноӣ ё самти саҳлонае аз ҷинояту ҷиҳояткорӣ арзёбӣ намудан яқин хатост. Чун он имрӯзҳо фарогир асту нигароникунанда!Дар аксар ҳолат муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи душвори иқтисодӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва зудбоварии шаҳрвандон аз ҷумла ҷавонон ва қишрҳои дигари осебпазири ҷомеа мояи кашидашавӣ ба доми фиреб аз сӯи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мегардад. Бо ваъдаҳои бардурӯғе чун “кори сердаромад”, “таҳсил”, “муҳоҷират” ва гӯё “зиндагии осуда”ҷалб намуди шаҳрвандон, баъдан онҳоро ба меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, хизматрасонии иҷборӣ, гадоӣ ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ водор сохтан яқин ба талаботи қонунгузории кишвар ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ зид мебошанд..
Дар таҷрибаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва эълонҳои интернетӣ ба “гуё кори муносиб” дар хориҷи кишвар ҷалб гардида, баъдан шиноснома ва ҳуҷҷатҳои онҳо мусодира шуда, озодии ҳаракат ва иродаи онҳо маҳдуд карда шудааст. Мисоле равшане баён намудем, ки нишон медиҳад, ки ҷинояткорон имрӯз аз технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои равонии таъсиррасонӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди савдои одамон бо чораҳои ҳуқуқӣ маҳдуд набуда, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро тақозо менамояд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки: «Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва фиребгар бовар накунанд». Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯз аҳамияти махсуси сиёсӣ касб намудааст, зеро маҳз ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат мебошанд. Агар ҷавонон соҳиби маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ҷаҳонбинии солим бошанд, ҳеҷ гуна гурӯҳҳои ҷинояткор наметавонанд онҳоро ба доми фиреб кашанд.
Дар ҳақиқат, омилҳои асосии паҳншавии савдои одамон бештар ба паст будани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бекорӣ ва ноустувории иқтисодии баъзе оилаҳо вобастагӣ доранд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин зуҳуроти нанговар бояд пеш аз ҳама аз муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа оғоз гардад. Волидон вазифадоранд фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳушёрии сиёсиву иҷтимоӣ тарбия намоянд. Омӯзгорон бошанд, бояд дар замири ҷавонон ҳисси худшиносӣ ва муқовимат ба ҳар гуна падидаҳои номатлубро тақвият бахшанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор додааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад. Аз ҷумла, моддаи 18 Конститутсия муқаррар менамояд, ки ба ҳеҷ кас шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо ин падидаро муайян намудааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун ниҳоди марказии таъмини тартиботи ҳуқуқӣ пайваста фаъолияти ҷустуҷӯиву оперативӣ, чорабиниҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият мебахшанд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ошкор ва безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Вале бояд эътироф намуд, ки мубориза бо савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, масъулияти муштараки ҷомеа мебошад. Агар шаҳрвандон нисбат ба тақдири атрофиён бетараф набошанд, агар ҷомеа ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳанок сари вақт вокуниш нишон диҳад, агар ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ нагарданд, сатҳи чунин ҷиноятҳо ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт.
Боиси нигаронист, ки имрӯз баъзе ҷавонон бе омӯзиши ҳуқуқӣ ва бе санҷиши воқеияти пешниҳодҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд. Баъзан онҳо ҳатто шартномаҳои меҳнатиро мутолиа накарда, ҳуҷҷатҳои худро ба шахсони номаълум месупоранд, ки бепарвоӣ дар чунин сатҳ метавонад инсонро ба ғуломии муосир мубаддал созад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд пеш аз сафар ба хориҷи кишвар қонунгузории муҳоҷират, тартиби фаъолияти ширкатҳои миёнарав ва ҳуқуқҳои худро хуб омӯзад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, тамоми шаҳрвандон, бахусус ҷавононро даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсӣ ва масюулияти шаҳрвандии хешро дар қиболи ҷомеа аз даст надода, ба ҳар гуна таблиғоту ваъдаҳои шубҳанок бовар накунанд. Ҳамзамон, аз фаъолон, зиёиён, омӯзгорон, ходимони дин ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал меорем, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми фаъол гузоранд.
Савдои одамон зуҳуроти нанговар ва ҷинояти зиддиинсонӣ буда, муқовимат ба он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ қадамҳои устувор мегузорад. Боварии комил дорем, ки бо такя ба қонун, маърифати баланди ҳуқуқӣ, ҳамкории мутақобилан судманди ҷомеа, инчунин ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мо метавонем пеши роҳи ин падидаи мудҳишро гирифта, ҷомеаи солим, амн ва орӣ аз истисмору зӯровариро бунёд намоем.
Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин-
полковники милитсия,
Сардори Шуъбаи Вазорати корҳи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ