09 Мая 2026, Суббота

Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия муҳтарам Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар мавзӯи муқовимат ба савдои одамон мулоқоту вохуриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд баргузор гардида, баҳри пешгирии ин амали номатлуб чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин аст, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» қабул гардид. Қабули ин санадҳо бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Ва намегузоранд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил ва одамрабоёну одамфурӯшон ҳадафҳои нопоки худро дар ҷомеа амалӣ намоянд.
Савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар дунё, бахусус дар кишварҳои ҷангзада ва суботашон ноустувор ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи савдогарони одамон мегарданд. Дар асоси омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид санадҳои марбута, аз қабили созишномаву конвенсия ва тавсияҳои гуногунсатҳу гуногумазмунро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо дар сайёра нигаронида шудаанд.
Афзоиши зуҳуроти номатлуби савдои одамон боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва паст гардидани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои охир бархе нафарон ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол менамоянд.
Бояд тазаккур дод, одамрабоӣ ё савдои одамон амалест, ки дар он шахс бо зӯрӣ, таҳдид, фиреб ё маҷбуркунӣ аз ҷойи будубоши худ бар хилофи иродааш бурда мешавад. Ин ҷинояти вазнин ба шумор рафта, дар ҳамаи кишварҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст, ки аз вазнинтарин ҷиноятҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳуқуқи асосии инсон - ҳуқуқ ба озодӣ ва амниятро вайрон мекунад. Дар ҷаҳони муосир ин амал бештар ба баҳсҳои шахсӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва савдои одамон рабт дорад. Ҳарчанд бисёре кишварҳо қонунҳои сахт ё вазнин зидди одамрабойӣ доранд, ин амал то ҳол дар ҷомеаҳо ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал шудааст.
Одамрабоӣ як ҷинояти бераҳмона ва хатарнок аст, ки ҳуқуқ ва озодии инсонро зери хатар мегузорад. Барои решакан кардани ин амал ҳамкории ҷомеа, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум зарур аст. Танҳо бо истифодаи чораҳои ҳамешагӣ ва омодагии ҷомеа метавон аз паҳншавии ин кирдор пешгирӣ кард.
Тибқи қонунгузорӣ, одамрабоӣ ё хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста ба розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, суиистифода намудани гунаҳкор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад.
Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.
Давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро бо роҳи татбиқи чораҳои маҷмуӣ оид ба такмили кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисоснокии кормандони онҳо, таъмини огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои савдои одамон, муқаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида гунаҳкор, ногузирии ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро кафолат медиҳад.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани савдои одамон, моҳияти савдои одамон ва оқибатҳои вазнини он мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар сурати муайян шудани ҳолатҳои қурбонии савдои одамон дигар мақомотҳо ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат менамояд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон, ҷиҳати тақвият ва ҷоннок намудани масъалаи мазкур таҳия намуда, видеороликҳо дар барномаҳои иттилоотӣ, нашри мақолаҳо дар рўзномаву маҷаллаҳо тариқи воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
Бо мақсади пешгирии чунин қонунвайронукниҳо аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида мешавад.
Раҳматулло Каримӣ,
сардори шуъбаи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд
полковники милитсия