Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи муқовимат ба савдои одамон

08 Мая 2026, Пятница

Раванди савдои одамон яке аз ҷиноятҳои хатарнок ва зиддинсонӣ ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин падида дар ҳақиқат ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол намуда, боиси азият, истисмор ва вайрон гардидани ҳаёти инсоният мегардад.
Саволе ба миён меояд, ки савдои одамон чӣ маъно дорад?
Савдои одамон – маънои ҷалб, интиқол, пинҳон ва ё фурӯши инсон бо мақсади истисморро дорад. Асосан ҷинояткорон одамони сустирода, дар вазъи душвори иқтисодӣ қарордошта ва дорои дараҷаи пасти маърифати ҳуқуқиро бо фирефтаи ваъдаҳои кори сердаромад, таҳсил, муҳоҷират, зиндагии беҳтар гумроҳ менамоянд. Баъдан қурбониёнро ба меҳнати вазнин, истисмори ҷинсӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ маҷбур месозанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона дар шароити муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ, дараҷаи пасти маълумотнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ баъзе шаҳрвандон: ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳатто кӯдакон ба доми гуруҳҳои ҷиноятӣ меафтанд. Илова бар ин, баъзан ҷинояткорон худро намояндаи ягон ширкати боэътимод муаррифӣ намуда, тавассути шабакаи иҷтимоӣ ё шиносҳои худ қурбониёнро ҷалб менамоянд.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯзҳо баҳри пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ҳамкории давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ниҳодҳои машваратӣ фаъолият доранд, ки ҳангоми вохӯриву мулоқотҳо доир ба роҳҳои муқовимат ба савдои одамон ҳарф мезананд, ба монанди: бодиққат санҷидани ҳуҷҷатҳо, сафар танҳо тавассути ширкатҳои расмӣ, худдорӣ аз шартномаҳои нофаҳмо, нигоҳ доштани нусхаи ҳуҷҷатҳои муҳим, гузоштани суроға ва рақамҳои тамос ба наздикон ва ғайра.
Санадҳоеро номбар намуд, ки барои пешгирии савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҷазо додани гунаҳкорон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуқуқу озодиҳои инсон, дахлнопазирии шахс ва манъи меҳнати маҷбуриро кафолат медиҳад;
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои савдои одамон, истисмори инсон, ҷалби ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои вобаста ҷавобгарии ҷиноятиро муайян менамояд;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” – санади асосие мебошад, ки тартиби пешгирӣ, ошкорсозӣ ва ҳифзи қурбониёни савдои одамро муайян менамояд;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” – ҳифзи кӯдаконро аз ҳар гуна зӯроварӣ, истисмор ва савдои одамон таъмин мекунад;
- Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муносибатҳои меҳнатиро танзим намуда, меҳнати маҷбурӣ ва истисмори кормандонро манъ мекунад;
- Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуқуқи кӯдакон ва аъзои оиларо ҳифз намуда, муқовимат ба истисмори кӯдаконро пешбинӣ менамояд.
Бино ба суханҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи шаҳрвандӣ нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, дар масъалаи матрахшаванда масъулияти хос доранд. Ҳангоми муттаҳидӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳушёрӣ метавон пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирифт. Хулоса, ҳифзи ҳуқуқ ва қадру қимати инсон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бошараф аст.
Шӯҳрат Шокирӣ – муовини аввали Раиси шаҳри Конибодом

 

Поделиться в